(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Барномаи консертии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.Дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» чорабиниҳои фарҳангии солинавӣ идома доранд.
Чуноне, ки қаблан маълумот дода будем шурӯъ аз санаи 15 декабр дар назди арчаи солинавӣ дар баробари ҳунарнамоии санъаткорони ҷавони шаҳри Хуҷанд озмуни барномаҳои солинавии муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсуси идома дорад.
Ҳамчунин тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд барномаи солинавии ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ сурат мегирад.
То имрӯз дар назди сокинону меҳмонони маркази вилоят санъаткорони шаҳри Истравшан, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен баргузор гашта имрӯз бошад аҳли фарҳанги ноҳияҳои Мастчоҳ ва Кӯҳистони Мастчоҳ барномаи солинавии худро пешкаш хоҳанд кард. Дар рӯзҳои минбаъда ҳамчунин барномаи консертии солинавии ҳунармандони шаҳрҳои Конибодом, Қайроққум,Истиқлол ва ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Чкалов ноҳияҳои Ғончӣ, Ашт, Панҷакент, Шаҳристон ва Зафаробод аз рӯи тартиби зикргардида дар шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шудааст.
Санаи 31 декабр бошад консерти ниҳоӣ бо иштироки аҳли фарҳанги маркази вилоят ва галаконсерти солинавӣ баргузор хоҳад шуд.