(2 овоз, миёна 4.00 аз 5)

alt

Бо эҳтиром ва самимияти том Шумо - кормандони мақомоти прокуратура ва кулли собиқадорони соҳаро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи касбиатон ва бо 90-умин солгарди таъсиси Прокуратураи тоҷик табрику муборакбод мегӯям. Бароятон тансиҳатӣ, саодати умр, рӯзгори ободу осуда, дар фаъолияти босамару пурмасъулиятатон баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва саҳмгузориатон дар эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ комёбиҳои тоза ба тоза таманно мекунам.
Боиси қаноатмандист, ки кормандони ин мақомот вазифаҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошташударо дар самти таъмини волоияти қонун, назорати риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳо, назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи манфиатҳои давлатро сарбаландона иҷро мекунанд. Ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақомоти прокуратура доир ба барномаҳои давлатӣ ба монанди «Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, баҳри ба танзим даровардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ, мубориза ба муқобили экстремизму терроризм, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ тибқи нақшаи чорабиниҳо ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.
Бо боварӣ гуфта метавонам, ки чунин эътимоди баланди роҳбарияти мамлакат ва мардуми кишвар ба азму иродаи кормандони прокуратура, рӯҳу илҳоми тоза бахшида, барои адолатпарвар ва ҳомии воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон будан роҳ менамояд.
Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ягонаи марказонидашуда мебошад, ки дар дорои ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.
Меҳнати пуршараф ва талошҳои шоистаи ҳар як корманди мақомот дар ин ҷода аз ҷониби ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ба хубӣ эҳсос мегардад.
Боварии комил дорам, ки кормандони мақомоти прокуратура минбаъд ҳам бо фаъолияти пурсамар, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу Ватан ба наслҳои ҷавон сабақи меҳанпарастию инсонпарварӣ медиҳанд ва дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқасос, дунявӣ ва ягона саҳми арзанда мегузоранд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба роҳбарият, кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура тансиҳатӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ ва пирӯзиҳои рӯзгорро орзу дорам.
Иди касбӣ муборак, дӯстони азиз!