(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Лоиҳа амалӣ мешавадРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Улф Хиндстромро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҷараёни дар амал татбиқшавии лоиҳаи пешниҳодшударо дар масъалаи беҳтарсозии вазъи партовҷой ва таъминоти сокинони шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи ошомиданӣ гуфтугузор намуда, омодагии хешро ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ва бо сифати баланд ба сомон расонидани корҳо дар ин ҷода баён карданд.

Мо комилан омода ҳастем, гуфт Улф Хиндстром, дар асоси лоиҳа корҳои аз мо вобастаро саривақт анҷом диҳем ва баҳри рушди ҳамкорӣ дар ин самт мусоидат намоем.

Лоиҳа амалӣ мешавадДар мулоқоти навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Улф Хиндстром, ки рӯзи дигар доир гардид, масъалаи таъминоти шаҳрвандон бо автобусҳои хурду бузурги мусофиркашонӣ баррасӣ шуд. Қайд гардид, ки мутобиқ ба лоиҳаи пешниҳодгардида, дар давоми 3 соли минбаъда ба маблағи 46,5 миллион доллар беш аз 500 адад автобусҳои мусофиркашон ба Хуҷанд оварда мешаванд. Қисме аз ин маблағ бошад, барои таъмиру тармими парки троллейбусҳои шаҳр, ки феълан дар ҳоли табоҳ қарор дорад, масраф хоҳад шуд.

Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва судманд ба анҷом расид.