(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ва мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин баён доштанд, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи «Шарқ» -и шаҳр ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пӯлотова, намояндаи шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Хуҷанд будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Меҳрубон Лоиқов, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Сайвалӣ Яров, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров ва намояндаи бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳр иштирок намуданд.
Зимни мулоқот бо сокинони маҳалла иброз гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон торафт зебову шукуфон гашта, ба сокинонаш шароити хуби кору фаъолият ва зиндагонии осоишта фароҳам оварда шуд.
Зикр шуд, ки аҳолии мамлакат, аз ҷумла ҷавононро месазад дар партави сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти созандаро пеша намуда, ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ рӯй наоваранд. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои Ватану сарзаминамон хизмат намоянд.