(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №11-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, намояндагони мақомоти прокуратура, милитсия ва амнияти миллӣ, уламои дин, омӯзгорон ва волидайни муассисаи таълимии мазкур мулоқот баргузор гардид.

Муҳтавои асосиии мулоқотро пешгирии шомилшавии шаҳрвандонба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба маҷлиси Олӣ ва иҷрои бандҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масоили рӯзмарра ташкил намуд.
Таъкид шуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими ҳуқуқии муқовимат ба терроризм ва экстремизм чораҳои дахлдор андешида шуда, муқовимат бо ин зуҳуроти харобиовар тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор амалӣ мешавад. Мақсади асосии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” ва “Дар бораи муқовимат бо экстремизм”, пеш аз ҳама, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, амнияти давлат иборат буда, баҳри ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, барҳам додани таҳдиди экстремизм ва терроризм дар кишвар равона шудааст.
Мусаллам аст, ки оқибати ҳуқуқии кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷавобгарии ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад. Баҳри ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки ба ин зуҳуроти номатлуб даст задаанд Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор меъёрҳоро муқаррар намудааст. Аз ҷумла, тибқи қисми 1 моддаи 179 (терроризм), яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расондани зарари ҷиддӣ ба молу мулк, ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсондани аҳолӣ, ё расондани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин, таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ ба Тоҷикистон ва дар маҷмуъ, ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад. Объектҳои таҷовузи террористӣ ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, объектҳои таъиноти стратегӣ ва ҳаётан муҳим қарор дода мешаванд. Вақтҳои охир раванди устувори ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои трансмиллӣ: гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва яроқ ҳамчун манбаи асосии маблағгузорӣ, дуздии одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба мушоҳида мерасад.
Имрӯзҳо шоҳидем, ки созмонҳои террористию экстремистӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро дар пайвастагӣ ба таассуби динӣ амалӣ мегардонанд. Гузашта аз ин, созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ зимни роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ аз зарфиятҳои технологияи иттилоотии пешрафта васеъ истифода мебаранд. Бояд ҳар фарде, ки истифодабарандаи интернет ҳаст, бар зидди терроризм, паҳншавии идеологияи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ муборизаи беамон барад. Зеро муборизаи дастаҷамъонаи мо кафили оромиву амнияти ҷомеа буда, мавқеи гурӯҳҳои манфиатдори ифротиро танг ва нақшаҳои шумашонро барбод хоҳад дод. Ҳамзамон, зарур аст, ки бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир ва тавсеа пайдо кардани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамоно масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавононро дар мадди аввал гузорем ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ба камол расонем.
Мулоқот бо саволу ҷавоб анҷом ёфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд