(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо нисбатан гарм шудани ҳаво дар шаҳри Хуҷанд мумфаршкунӣ ва таъмири роҳҳо оғоз ёфт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ба корҳои роҳсозӣ оғоз бахшида, барои таъмиру мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят ва идораи хоҷагии манзиливу коммуналӣ супоришҳо дод.
Ба иттилои мутахассисон дар минтақаҳои гуногуни шаҳр давоми чан рӯзи оянда беш аз 20 ҳазор метри мураббаъ роҳ мумфарш карда хоҳад шуд.
Мумфаршкунӣ ва таъмири қисматҳои алоҳидаи роҳҳоро ҶДММ "Ваҳдат-2018" ба сомон мерасонад.
Бояд таъкид кард, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят инчунин шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров низ ба масофаи беш аз даҳ километр (аз ду самти ҳаракат) мумфарш карда мешавад.