(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар маҷлисгоҳи литсейи касбӣ-политехникии №44-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо сокинони маҳаллаҳои “Шарқ” ва “Содирхон Ҳофиз” баргузор гардид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки ҳадафи мулоқоти мазкур шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳияти мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки чанд рӯз қабл дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе сурат гирифт, мебошад.
Зикр гардид, ки Ҳарчанд ки дар кишвар бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳанӯз ба назар мерасанд.
Дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст.
Дар ин давра бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён овард.
Тибқи маълумоти фаврӣ зиёда аз ҳазор нафар шахсоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд. Шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманонаро ворид месозанд. Чунончи, намояндагони равияи «Салафия» ба мазҳаби ҳанафӣ ва асосгузори он Имом Абӯҳанифа назари манфӣ ва ба исмоилия, ки мазҳаби таърихии як қисми аҳолии бумии кишвар мебошад, муносибати хеле хусуматомез доранд.
Изҳори нигаронӣ карда шуд, ки дар ҳоле, ки аксар кишварҳои исломии ҷаҳон босуръат рушд карда, бо омӯзиши илмҳои муосир ҳатто барои фатҳи кайҳон кӯшиш менамоянд, дар ҷомеаи мо гароиши баъзе шаҳрвандон ба хурофотпарастиву ифротгароӣ ва таҳсилоти ғайриқонунии динӣ афзоиш ёфта истодааст. Ҷавонон аз кишварҳои исломӣ дар пешрафтатарин муассисаҳои таҳсилоти олии дунё таҳсил мекунанд, вале мардуми мо ҳанӯз дар фикри чӣ савоб асту чӣ убол, чӣ ҳалол асту чӣ ҳаром, ҷойнамозро чӣ гуна партоем, салларо чӣ хел бандем, ҳаҷравӣ, умраравӣ ва ҳоҷиошиву ҳоҷиталбон банд мондаанд.
Дар давраи аз соли 2020 то соли 2023 дар кишвар 680 ҳолати ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифтани 5000 нафар таълимгиранда ошкор карда шудааст. Танҳо соли 2023-юм 300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва ҷалби беш аз 4100 нафар пешгирӣ карда шудааст, ки аз вусъати раванди мағзшуйии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дарак медиҳад. Дар ин давра аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 520 нафар ходимони дин барои чунин қонуншиканиҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар 10 соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1320 ҷинояти монеъ шудани волидайн ба гирифтани таҳсилоти миёнаи асосии фарзандон ошкор гардидааст. Мутаасифона таълими ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки дар мулоқот муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ва раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пӯлотова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мулоқот бо суолу ҷавоб ва пешниҳодоти мушаххас анҷом ёфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд