(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода бо ҷомеаи меҳнатии ин муассисаи тандурустӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки ҳадафи мулоқоти мазкур шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳияти мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки чанд рӯз қабл дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе сурат гирифт, мебошад.
Зикр гардид, ки дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.
Агар яке аз сабабҳои ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани аҳолӣ истифодаи ғаразноки эҳсоси динии мардум бошад, дигар омили асосӣ бетарафию бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат буд.
Агар бисёриҳо бетарафӣ намекарданд, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар намезад. Чӣ гуна бадбахтиҳо овард он ҷанг. Чӣ қадар одамон қурбон шуданд.
Беш аз 150 ҳазор нафар кушташудагон, як миллион гурезаҳои иҷборӣ, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакони ятим, миллионҳо нафар одамоне, ки азизони худро аз даст доданд ва миллиардҳо сомонӣ зарари иқтисодии он рӯзҳо ҳанӯз аз хотираи мардум нарафтаанд ва дар иқтисодиёту зиндагии мо имрӯз низ эҳсос мешаванд. Дар кишвари ҳамсояи Афғонистон аз ҳисоби гурезаҳои тоҷик даҳҳо қабристони нав пайдо шуд. Он рӯзҳо ашхосе, ки имони худро фурӯхта буданд, падарро зидди писар ва бародарро ба сари бародар шӯрониданд ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии оғози солҳои 90-ум аз масҷидҳо оғоз гардид.
Яъне вақти он расидааст, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм сарҷамъона мубориза барем ва дар кишвар волоияти қонунро таъмин намоем.
Мулоқот бо суолу ҷавоб ва пешниҳодоти мушаххас анҷом ёфт.
Бояд қайд намуд, ки дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ва раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пӯлотова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд