(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altВАО – созандагони афкори умум

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Рўзноманигорон ва собиқадорону кормандони мўҳтарами соҳаи матбуот!

Дар қаламрави кишвари маҳбубамон бо мақсади рў овардан ба таърихи матбуот, эътирофи қадри сухан чун нерўи тавонои ҳидояткунандаи мардум ба сўйи фардои пурсаодат, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони матбуоти тоҷик ҳамасола мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» санаи 11-уми март таҷлили Рўзи матбуот, ки ба ифтихори нашри на-хустрўзнома бо забони тоҷикӣ «Бухорои шариф» пазируфта шудааст, далели возеҳи таваҷҷўҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин соҳа маҳсуб меёбад.
Дар яке аз суханрониҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Нури маърифате, ки аз равзанаи матбуот зиёиёни миллат рўшан карда буданд, то ба имрўз дилу дидаи ҳазоронро мунаввар месозад”. Яъне, ба таъбири шоири шаҳири миллат Мирзо Турсунзода “Рўзнома ҳам оинаи ҳаёт ва ҳам майдони тохти қалам аст”. Тариқи расонаҳои хабарӣ шоирону нависандагон, рўзноманигорон ва зиёиён бо мардум иртиботи қавӣ доранд ва ононро ба фардои дурахшон роҳнамоӣ мекунанд.
Имрўз ин вазифаи расонаиро шабакаҳои гуногуни интернетӣ, телевизиону радио иҷро карда истодаанд, ки воқеан, фазои холии иттилоотӣ, хосатан дар шаҳр вуҷуд надорад. Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд “Тирози ҷаҳон” соли гузашта дар озмуни “Беҳтарин нашрия” миёни нашрияҳои ҳаждаҳ шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷойи якумро гирифт, ки ин боиси ифтихор аст.
Дар марҳилаи кунунӣ матбуоти тоҷик тадриҷан рушду такомул ёфта, ба хотири пешрафту шукуфоии диёри азизамон ва мардуми сарбаланди он софдилонаю содиқона хизмат менамояд. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад.
Итминони комил дорам, ки аҳли эҷод бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии шаҳри ҳамешабаҳори Хуҷандро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам дода, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм мегузорад.
Шаҳрнишинони гиромӣ, қаламкашони арҷманд!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рўзи матбуот аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шодбод намуда, бароятон тандурустии комил, саодати рўзгор ва дар фаъолияти минбаъдаатон ба хотири ғановати фазои иттилоотӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҳидояти сокинон ба меҳнати созанда ба хотири истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои нав ба нави эҷодӣ орзу менамоям.
Бори дигар кулли кормандони нашрияву рўзномаҳо, ноширону собиқадорони соҳа ва алоқамандони соҳаи матбуотро бо Рўзи матбуоти тоҷик таҳният гуфта, ба қаламкашон – созандагони афкори умум қувваю нерў ва илҳоми тоза орзу мекунам.
Рўзи матбуоти тоҷик муборак бод, ҳамдиёрони азиз!