(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маркази саломатии шаҳри Хуҷанд соҳиби таҷҳизоти муосири тиббӣ мешавад.Чанде пеш дар шаҳри Душанбе маросими ба имзорасонии созишномаи грантӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада ва намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон Кентаро Соноура баргузор гардид.
Тибқи гранти мазкур харидории  таҷҳизоти муосири тиббӣ барои Маркази саломатии № 4 шаҳри Хуҷанд ба маблағи зиёда аз 88 ҳазор доллари ИМА-ро дар бар мегирад.
Таҷҳизоти грантӣ  асосан аз воситаҳои ташхисӣ иборат аз 10 намуд,  аз қабили дастгоҳи ренгени,флюрографӣ,ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ), дастгоҳи барқии санҷиши кори дил ва рагҳои хунгард  ва ғайра иборат аст. Тамоми таҷхизот пеш аз хама барои сари вакт ва дақику бо сифат муайян намудани сабабҳои беморӣ пешбинӣ шуда, назар ба хулосаи табибон барои паст намудани сатҳи фавти модару кӯдак, беҳдошти саломатии занон  дар давраи ҳомиладорӣ  мусоидат менамояд. Ҳамчунин мувофиқи лоиҳаи мазкур дар маркази саломатии номбурда  барои маҷрӯҳони гурӯҳҳои 1 ва 2, оилаҳои ниёзманд, шахсони гирифтори бемориҳои саратон, сил, кӯдакони то як сола ва маюби модарзод,  хизматрасонии ташхисӣ ройгон ба роҳ монда мешавад.
Мӯҳлати лоиҳа то санаи 31 марти соли 2015 буда, дар ин муддат таҷҳизоти пешбинишуда пурра харидорӣ гарида, бояд мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Лозим ба ёдоварист,ки Маркази саломатии мазкур аз соли 1967 фаъолият намуда, имрӯз барои 43 ҳазор нафар сокинони соҳили рости маркази вилоят хизмат мерасонад, Дар ҳудуди хизматрасонии ин марказ 10 мактаби таҳсилоти умумӣ, 12 муассисаи томактабӣ ва чандин корхонаю ташкилотҳои мухталиф ҷойгир аст.