(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №3-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, , арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии хонандагон даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида, аз ҷониби аҳолӣ ҳамовозӣ пайдо намудааст. Ҳадаф аз пешниҳоди ин асарҳо ва мутолиаи он, пеш аз ҳама, он аст, ки насли ҷавони мо бояд огоҳ бошад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна мардуми парокандаро сарҷамъ намуда, сулҳу суботро дар мамлакат пойдор намуданд. Насли ҷавон бояд донад, ки сарзамини аҷдодӣ чӣ гуна қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои ободиву пешрафти мамлакат ҷаҳду талош намояд.
Зикр гардид, ки баргузории озмун иқдоми саривақтии Президенти мамлакат дар самти китобхон шудани сокинони мамлакат мебошад. Зеро он таваҷҷуҳе, ки аҳли ҷомеа имрӯз ба китоб дорад, чанд сол қабл набуд. Сарвари давлат имрӯз анъанаи китобхониро дар байни ҷомеа дубора эҳё намуданд. Ин иқдоме аст, ки тавассути он ҳар сокини мамлакат метавонад бо фарҳангу тамаддун ва таърихи гузаштаи худ шинос шавад.
Хонандагони МТМУ №3 дар озмун фаъолона ширкат варзиданд ва беҳтаринҳо ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд