(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади бузургдошти модарон ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои онҳо дар рушду суръатбахшии хоҷагии халқи мамлакат бахшида ба Рўзи модар як қатор бонувони собиқадори давлатию ҷамъиятиро аёдат намуд.

Шаҳрдор зимни дидорбинӣ бо Надежда Леонтева, раиси ташкилоти русзабонҳо дар шаҳри Хуҷанд, Мукаррамахон Бузурукова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Биҳафиза Умарова, собиқадори соҳаи хизматӣ, Мавлуда Шарифзода, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Озода Холматова, собиқадори соҳаи маориф, Азиза Мансурова, Раҳбар Тошматова собиқадорони арсаи меҳнат ва дигарон номаи табрикотии хешро ба муносибати Рўзи модар расонида, аз ҷумла афзуд, ки дар замони муосир ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Саҳми бонувон хусусан дар соҳаҳои илму маориф, сиёсат, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Арҷ гузоштан ба хизматҳои модарону хоҳарон қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирўзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки шумо барин модаронро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсўзиву ғамхории шумоён расем. Мо бо ифтихор ва такрор ба такрор мегӯем, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавону ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайру хизмат ба инсоният дуо додааст.
Аёдатшудагон: Надежда Леонтева, Мукаррамахон Бузурукова, Биҳафиза Умарова, Мавлуда Шарифзода, Озода Холматова, Азиза Мансурова, Раҳбар Тошматова ва дигарон аз ин таваҷҷуҳу ва ғамхорӣ сипосгузорӣ намуда, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ ба бонувон, бахусус занони собиқадор арзи миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар оянда низ баҳри тарбия, насиҳат ва раҳнамоии насли наврасу ҷавон тамоми васила ва қувваи хешро сафарбар хоҳанд намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд