(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд даври мактабии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2024 баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат баргузор мегардад.
Тибқи дастури Пешвои миллат, соли равон низ барои иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он, довталабони даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат бе озмун ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.
Бояд гуфт, ки давоми беш аз 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид. Далели ин гуфтаҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки таҳти сарпарастии Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат доир мегардад.
Озмун бори дигар дар дили ҳар фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба китобу китобхонӣ бедор намуд. Зеро тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории мамлакати мо аз таърихи китобхонаҳои дигар давлатҳо қадимтар буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.
Соли 2023 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 47 ҳазору 51 довталаб иштирок намуд, ки аз зиёд шудани шумораи китобдӯстдорон дар мамлакат шаҳодат медиҳад. Ин озмун аз соли 2019 инҷониб ҳамасола дар чор давр доир шуда, ғолибони номинатсияҳо бо диплом ва то 35 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо диплому 70 ҳазор сомонӣ маблағ қадрдонӣ мешаванд.
Озмун исбот намуд, ки сол то сол шумораи ҳаводорони китоб дар мамлакат зиёд мешавад ва бахусус кӯдакону наврасон ба он таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Хонандагони МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд дар озмун фаъолона иштирок варзиданд вабеҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд