(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав ва омода намудани онҳо ба марҳилаҳои баъдии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд даври мактабии он баргузор гардид. Дар он беш аз 50 нафар хонандагон ва 6 нафар омӯзгорон фаъолона ширкат варзидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони кишвар соли ҷорӣ низ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории Озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2024 ба Низомномаи Озмун тағйироту навгониҳо ворид карда шуданд.
Зикр гардид, ки бо дарназардошти хусусиятҳои синнусолии кӯдакону наврасон барои дарёфти Шоҳҷоиза, ки хондан ва аз бар намудани 70 фоизи осори назмию насрӣ аз рӯйи 4 номинатсия ба онҳо душвор буд, Шоҳҷоиза аз як адад ба чор адад зиёд карда шуд.
Шумораи ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба 126 нафар ва барандагони Шоҳҷоиза 4 нафар зиёд гардида, 130 нафар ғолибро ташкил медиҳад.
Тибқи дастури Пешвои миллат соли ҷорӣ низ барои иштирокчиёни даври чумҳуриявии Озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он, довталабони даври чоруми Озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.
Бо дарназардошти тағйироти воридгардида маблағи умумии мукофоти Озмун 4 570 000 (чор миллиону панҷсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 695 000 (шашсаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ зиёд пешбинӣ гардидааст.
Ҳамин тавр, тибқи хулосаи комиссияи озмун беҳтаринҳо ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд