(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовинони Раиси вилоят, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва масъулини дигар аз намоиши ниҳолу кӯчат ва дастранҷи боғдорон аз наздик шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ярмаркаи мазкур аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳоро пешниҳоди боғпарварону сокинони шаҳр гардид.
Аз ҷониби олимону мутахассисон роҳҳои самарабахш намудани ҳосилнокӣ ва пешгирӣ намудан аз нобудшавии ниҳолу кўчатҳо, мубориза алайҳи ҳашаротҳои зараррасон маслиҳату корҳои амалӣ нишон дода шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ярмаркаи ниҳол таъкид дошт, ки боғпарварӣ аз бахшҳои даромадноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, он баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ нақши муассир мебозад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи боғпарварӣ диққати махсус зоҳир намуда, баҳри бунёди боғҳои ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ шароитҳои зарурӣ муҳайё намудаанд.
Зикр гардид, ки дар мамлакат боғдорӣ аз муҳимтарин соҳаҳои кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мавқеи хос дорад. Рушди боғдориро бе ривоҷи соҳаи ниҳолпарварӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, чунки солимӣ, дарозумрӣ, маҳсулнокӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранокии боғи оянда аз ниҳолони он вобастагии калон дорад. Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки солҳои охир ба хотири беҳдошти иқтисодиёти мамлакат бештар ба бунёди боғи дарахтони меваҳои содиротӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, зеро дар бозорҳои кишварҳои хориҷӣ талабот ба меваҳои хуштамъи сарзамини мо зиёд аст. Инчунин талаботи аҳолӣ ба ниҳолҳои себ, зардолу ва анор бештар шуда, харидорони ин навъ ниҳолҳо зиёд шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки ярмарка-фурӯши ниҳолҳо бо мақсади муташаккилона роҳандозӣ маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии шаҳру навоҳии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд