(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулин бо сокинони маҳаллаи “Ҷаббор Расулов”-и шаҳр доир ба масоили доғи ҷомеа баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки ин мулоқот дар асоси нақшаи муштараки чорабиниҳои сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони шаҳр бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” сурат гирифта истодааст.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дин, танзими анъана ва расму оин, муҳоҷират, комиссариати ҳарбӣ, шуғли аҳолӣ ва ғайра баромад намуда, доир ба ҳифзи Ватан бо назардошти хатарҳои мавҷуда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, машғул шудан ба шуғли пурмаҳсул, рушди ҳунарои мардумӣ, ба дарки мардум расонидани моҳияти терроризму экстремизм, хатарнок будани ҷиноятҳои махсусан вазнин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва ғайра баромад намуданд.
Мулоқот дар фазои озоду ошкоро анҷом пазируфт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд