(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №31-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии хонандагон даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида, аз ҷониби аҳолӣ ҳамовозӣ пайдо намудааст.
Гуфта шуд, ки дар даври якуми озмун соли 2023 239 ҳазору 657 довталаб иштирок намуд, ки нисбат ба соли 2022 110 ҳазору 806 нафар зиёд мебошад. Дар даври чоруми озмун 522 довталаб аз рӯйи 6 номинатсия иштирок намуда, 121 нафар ғолиби озмун гардид.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Имсол ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид.
Зиёд гардидани шумораи Шоҳҷоиза бо назардошти хусусияти синну солии кӯдакону наврасон мебошад, зеро чунин тағйирот барои дарёфти «Шоҳҷоиза», ки хондан ва аз бар намудани 70 фоизи осори назмиву насрӣ аз рӯи чор номинатсия барои онҳо каме душвор буд, ворид шуд. Ҳамзамон шумораи ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба 126 нафар расид, ки дар маҷмуъ 130 нафар ғолибонро ташкил медиҳад.
Ба номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон» тағйирот ворид гардида, номи номинатсия ба «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» табдил дода шуд. Ин номинатсия яке аз бахшҳои фаъолтарини озмун ба ҳисоб меравад, зеро довталабони он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Бо инобати ин соли равон ин номинатсияро ба се гурӯҳ ҷудо намуданд: гурӯҳи якум- хонандагони синфҳои 1 то 4, гурӯҳи дуюм- хонандагони синфҳои 5 то 8 ва гурӯҳи сеюм- хонандагони синфҳои аз 9 то 11 ва 10,11-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошанд.
Хонандагони МТМУ №31 дар озмун фаъолона ширкат варзиданд ва беҳтаринҳо ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд