(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имруз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ "Рӯзи дарҳои кушод” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Таъкид шуд,ки ҳамасола тибқи нақшаи кории муассисаи таълимӣ баҳри ҷалби бештари хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияҳо , литсейҳои шаҳру навоҳии вилоят ва берун аз он ба корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба касбинтихобкунӣ маъракаи "Довталаб" гузаронида мешавад.
Дар чорабинӣ довталабон -хатмкунандагони беш аз 20 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилояти Сугд баҳри шиносоӣ бо раванди таълиму тарбия ва шиносоӣ бо пойгоҳу иқтидори муассиса боздид ба амал оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд айни замон 19 кафедра ва 5 факулта аз рӯйи 8 ихтисос: кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори фармасевтӣ, кори табобатӣ, кори тиббӣ –ташхисӣ, кори тиббӣ –профилактикӣ, кори дандонсозӣ ва кори реабилитатсияи тиббӣ –иҷтимоӣ донишҷӯён таҳсили илм менамоянд.
Боиси ифтихори ҷомеаи меҳнатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд аст,ки 1-уми апрели соли 2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло дар бинои нави таълимии муассиса тамоми шароити муосиру мусоид аз ҷумла маркази таълимии малакаҳои амалӣ, озмоишгоҳи таълимии фармасевтӣ, озмоишгоҳи таълимии химия, озмоишгоҳи таълимии биологӣ, маркази таълимии стаматологӣ амал мекунанд ки бо дастгоҳ ва аёниятҳои муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуда раванди таълим бо истифодаи васеи муосири таълими ба роҳ монда шудааст. Баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар муассиса гуруҳҳои таълимашон бо забони русӣ дар ихтисосҳои кори момодоягӣ , кори ҳамширагӣ, кори табобатӣ ва кори фармасевтӣ соли дувум аст, ки ташкил карда шудааст.
Миқдори омӯзгорони асосии муассиса 255 нафар буда, теъдоди умумии донишҷӯён дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд айни замон зиёда аз 4567 нафарро ташкил медиҳад.
Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд таърихи зиёда аз 90 сола дошта то имруз ин боргоҳи маърифатро зиёда аз 36532 нафар хатм намудааст, ки ҳамчун мутахассисони соҳибкасби миёнаи тиб дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ баҳри солимии ҷомеа саҳми босазо доранд.
Хатмкунандагон бо шароити таълиму тарбия дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд аз наздик шинос гардида, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.