(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили собиқадори арсаи меҳнат, мӯйсафеди 92 сола Файзулло Рустамов рафта, эшонро аёдат намуд.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода пири рўзгордидаро аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдат намуда, зикр дошт, ки собиқадорони меҳнат ҳамеша зери таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумат қарор дошта, эшон маслиҳатдеҳ, чароғи раҳнамо ва тарбиятгару дуогӯйи ҷавонони соҳибистиқлоли мамлакат мебошанд.
Файзулло Рустамов, ки солҳои тӯлонӣ ба сифати муҳосиб дар идораву ташкилотҳои гуногун кору фаъолияти бенуқсон дошту имрӯз даврони пирӣ меронад, аз ташрифи ногаҳонии Раиси шаҳр хушнуд гардида, миннатдории хешро ба роҳбарияти Давлату Ҳукумат расонид.
Мавсуф бо ҳамсараш 5 нафар фарзандро ба воя расонида, соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардонидааст, ки имрӯз дар хизмати миллат ва Давлат камар бастаанд.
Файзулло Рустамови 92 сола, ки умри бештари худро ба соҳаи иқтисодиёт сарф намудааст, таъкид намуд, ки маҳз ба шарофати амну осоиштагӣ Ватани маҳбубамон сол ба сол рушду тараққӣ намуда истодааст. Мо ҳамеша барои ин пешравиҳо ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, шукронаи амнияту оромии давлатро менамоем.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд