(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар озмуни вилоятии “Аллаи Модар” байни Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд даври вилоятии озмун доир гардид.

Тӯрабекова Махфуза омӯзгори гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд ҳамзамон бо намояндагӣ аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар озмуни мазкур ширкат варзида, бо намоиш додани анъанаҳои миллӣ, тарзи ба гаҳвора бастан ва сароидани " Аллаи Модар" бо меҳру муҳаббати самимӣ нисбати фарзанд сазовори ҷойи Ифтихорӣ гардид.