(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар тарабхонаи “Ҷавонӣ” тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 тасдиқ гардидааст, даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” бо иштироки васеи идораву корхонава ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.

Дар даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҳунару завқи кадбонуҳо, аз ҷумла, дар пухту пази якчанд навъ таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони идораву ташкилот ва муассисаҳою маҳаллаҳои шаҳр аз рӯйи номинатсияҳои ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёи болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуда, пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ширкат варзида, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин»- ин ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худшиносӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.
Баъди таҳлилу хулосабарориҳо, ҳайати ҳакамот ғолибони озмунро муаррифӣ намуданд. Ҳамин тавр, шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар бахши “Ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёи болои миз”, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар бахши “Омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом”, мактаби санъати №4-и шаҳр дар номинаи “Пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо”, Шӯрои бонувони маҳаллаҳои шаҳр дар номинатсияи “Маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир”, литсейи касбӣ-хизматии шаҳри Хуҷанд дар бахши “Малакаи омода намудани хуришҳо”, Хонаи акди никоҳи шаҳр дар номинаи “Малакаи омода намудани намудҳои гуногуни шӯридани хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти ордӣ”мақоми аввалро ишғол намуданд.
Ба ғолибон Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Ҳайати ҳакамот қарор карданд, ки бо назардошти ҷавобгӯ будан ба талаботи озмун ва пешниҳоди навоварӣ дар он шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар даври вилоятии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» шаҳри Хуҷандро муаррифӣ хоҳад намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд