(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори варзишии "Тир" - и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба тирпаронӣ бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

Дар мусобиқа 40 нафар ҷавонон ва дӯстдорони ин намуди варзиш иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди намуди варзиши тирпаронӣ, баланд бардоштани ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон ва пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб ҷомеа ба ҳисоб меравад.