(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз» ба ифтихори 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати меҳанпарварона баргузор гардид.

Чорабиниро Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳр ифтитоҳ намуда, ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки имрўз ҳамаи мо 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азизамон ҷашн мегирем.
Таъкид шуд, ки ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ - фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд. Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва саркўб намудани ошўбҳои исёнгаронаи хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷони худро аз даст доданд. Давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромўш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд. Мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки фазои орому осудаи имрўзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.
Бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерўи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунад.
Баргузор гаштани Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз» ба ифтихори 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бедор гаштани ҳисси ватандўстиву меҳанпарастии ҷавонон заминаи воқеӣ гузошта, изҳори боварӣ мекунем, ки афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқ-лолияти давлатӣ сафарбар месозанд.
Сипас аз ҷониби 11 адад дастаҳои қисмҳои низомии аз рӯйи номиннатсияҳои хорсароён ва компазиатсия адабӣ бо сароидани сурудҳои ватандӯстона рақобат оғоз гардид.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамот ҷойи аввалро қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилаи РВКД дар вилояти Суғд, ҷойи дуюмро қисми низомии 051056-и Горди миллӣ ва мақоми сеюмро қисми низомии 0235-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба даст оварданд.
Ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.




Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд