(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар гимназияи хусусусии “Ганҷ“-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат чорабинии идона ва озмуни “Ҳомии Ватан” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳ, маъмурият, омӯзгорон ва муҳассилини гимназия ширкат варзиданд.
Дар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ хонандагон аз рўйи шартҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла сафкашӣ, суруди сарбоз, сангбардорӣ, санҷиши қувваи бозу, арғамчинкашӣ ва ғайра бо маҳорати баланди омодагию кордонӣ ва донишҳои омўхтаи ҳарбии хешро ба маърази тамошо гузоштанд.
Меҳмонон ба маҳорату истеъдод ва донишҳои омўхтаи муҳассилин баҳои баланд додаа, онро намунаи омўзиш ва тарғиби таҷриба дар дигар макотиби шаҳр арзёбӣ намуда, ҳамзамон таъкид намуданд, ки Артиши миллии мо дар шароити хеле ҳассоси пойдоршавии давлати мустақил ташаккул ёфта, аз рӯзи таъсисёбӣ чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳм гузошт.Тайи ин муддат афсарону сарбозон ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ дарси мардонагию шуҷоатро азхуд намуда, соҳиби таҷрибаи бойи касбӣ шуданд.
Зикр шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд. Ҳанўз сию як сол муқаддам ба дўши ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иҷрои вазифаҳое вогузор гардид, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд. Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили нерўи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд. Метавон гуфт, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар оянда низ бо садоқат ба савганди ҳарбии худ дар оянда низ қарзи ҷавонмардии хешро дар таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси тоҷикон, ҳимояи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистон сарбаландона иҷро менамоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд