(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо ҳамроҳии кормандони касбу кори гуногун дар ин боғ беш аз 600 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва нодир шинониданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 14 гектарро ташкил медиҳад. Мақсади Боғи ботаникӣ парвариш ва гирд овардани набототи минтақа, растаниҳои нодиру ороишӣ, мевадиҳандаю сояафкан, ба иқлим мутобиқгардонии растаниҳои нави фоидаовар, дар шароитҳои сунъӣ нигоҳ доштани растаниҳои камёфт ва намудҳои нобудшаванда, аз ҷумла дигар обектҳои ботаникие, ки хусусияти муҳими илмӣ ва фарҳангӣ доранд, мебошад.
Мувофиқи баҳисобгирии соли 2021 дар ҳудуди Боғи ботаникии Хуҷанд 160 намуд дарахтону буттаҳои гуногун ба миқдори умумии 3181 бех мавҷуд мебошад. Дарахтону буттаҳои боғи номбурда тибқи мониторинги экологӣ дар давраи сабзиши солона аз 324000 кило то 756 000 кило гази карбонро фурӯ бурда, 486000 кило то 540 000 кило оксигени тозаро ба ҳавои атмосфераи шаҳри Хуҷанд ворид менамояд.
Ҳудуди Боғи ботаникии Хуҷанд ба қитъаҳои флористикии набоботи Баҳри Миёназамин, Аврупо ва Сибири Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Америкаи Шимолӣ тақсим карда шуда, инчунин аз ниҳолхона, парваришгоҳи ниҳолҳо, минтақаи растаниҳои шифобахш, қитъаи парвариши намуд ва навъҳои садбаргу савсан ва гамрхона иборат мебошад.
Имрӯз аз ҷониби ҳашарчиён ниҳолҳои намуди сарви ҳамешасабз, санавбар, нахл, ардач, сарвинози шоҳӣ, сарвинози ғарбӣ, ақоқиёи шоҳӣ, анор, сиркодарахт, бирючинаи ҷилодор ва ниҳолҳои нодир аз қабили секвоиадендрони азим, гинкго билоба, меваи юв, кедри ҳимолоӣ, коҷи кабуд, коҷи тяншонӣ ва ғайра шинонида шуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати ниҳубини доимӣ ва боз ҳам зиёд намудани номгуйӣ дарахтон дар Боғи ботаникии Хуҷанд дастуру супоришҳо дод.
Ҳашарчиён дар ин рӯз ҳамчунин бехи ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабзро нарм карда, ҳамзамон корҳои тозакуниву ободониро анҷом доданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд