(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, шуъбаи муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд, Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир ба мавзуъҳои доғи ҷомеа мулоқот баргузор гардид.

Намояндаи шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд зимни баромади худ доир ба хатар ва падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили терроризм ва экстремизм маълумот дода, таъкид намуд, ки бояд ҳар фарди худшинос ва худогоҳи Ватани азизамон бар зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза барад ва бо ин роҳ дар таъмини сулҳу оромии мамлакат саҳм гузорад. Зикр шуд, ки экстремизм ва терроризм ифодаи рӯҳияи инсонбадбинӣ ва тафриқагузорӣ мебошанд. Инсоният аллакай таҷрибаи муқовимат бо чунин идеологияро пайдо намуда истода, хусусияти дастҷамъона доштани онро тақвият мебахшад. Вале мутаассифона, баъзе неруҳои манфиатдор ба қувват гирифтани идеологияҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, аз ҷумла террористӣ мусоидат намуда, онҳоро ҳимоя мекунанд ва бо ин амали хеш хатарҳои ҷиддии эҳтимолиро сари инсоният ба бор меоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, мулоқот бо роҳбарони давлатҳо, зиёиён, ҷавонону занон пайваста дар бораи торафт реша давонидани терроризм ва ифротгароӣ хушдор дода, онҳоро ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар сокини сайёра маҳкум менамоянд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар сокини сайёра аст».
Ҳамзамон аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар пайравӣ ба сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара бештар дар рушд ва пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Сипас мудири шуъбаи муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд Манзурат Сатторова ва намояндаи Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Назокат Юсупова низ баромад карда, таъкид доштанд, ки баргузории чунин вохӯриҳои судманд ба баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон, хосса ҷавонон мусоидат намуда, онҳоро бори дигар водор месозад, ки ба қадри сулҳу оромии мамлакат расанд ва тамоми талоши худро ба пешрафти он равона намоянд.
Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпдемологии шаҳри Хуҷанд Азаматхӯҷа Воҳидов баргузории чунин чорабиниҳоро бо ҷомеаи меҳнатӣ дар шароити кунунӣ муфид арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки бо пос доштан аз арзишҳои миллӣ, баҳри тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолият ва пешгирии хатарҳои ҷомеа имрӯз ҳар як шаҳрванд саҳми муносиб гузорад.




Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд