(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” маҷлиси ғайринавбатии кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Маҷлиси кумиҷроияро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода оғоз намуда, ҳайати Раёсат, котибот ва рӯзномаи кори ҷаласаро барои тасдиқ пешниҳод намуд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома - омодагии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили 30 –солагии таъсисёбии ҲХДТ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева гузориш дод.
Баъд аз шунидани ахборот раиси шӯрои собиқадорони кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов, вакили маҷлиси вакили ҳалқ дар вилояти Суғд Саодат Аминҷонова ба музокира баромаданд.
Дар идомаи кори ҷаласа ҳозирин ҳайати нави аъзои кумитаи иҷроия ва раёсатро тасдиқ намуданд.
Оид ба баррасии масъалаи дигари рӯзнома Раиси кумиҷроияи вилоятӣ Мирзоқосим Каримзода қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбари ҷамъият дар сафи худ қувваи бузургу созандаро муттаҳид намудааст. Ҳизбиён дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ таҳти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб мегузоранд.
Боиси ифтихори ҳизбиён аст, ки Роҳбари давлат ба ҳизб ва кормандони он ҳамчун мактаби захираи кадрҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ин ҷост, ки бо Фармони раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Бахтиёр Исматҷонов сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд таъин гардид. Номбурда тӯли фаъолият ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барои баланд бардоштани обрую нуфузи ҳизб, мутобиқ ба талаботи рӯз ба роҳ мондани фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, дар сатҳи зарурӣ ташкил ва амалӣ намудани тарғибу ташвиқи ғояҳо ва Барномаҳои ҲХДТ, тақвият бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ, афзоиши аъзо, ҷалби ҷонибдорони ҳизб ва шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд ба корҳои ободонию созандагӣ, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.
Аз ин рў бо назардошти гуфтаҳои боло, дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Оиннома масъалаи аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд озод намудани Бахтиёр Исматҷонов мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарори маҷлис тасдиқ гардид.
Дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Мунзифа Пӯлотова барои интихоб гардидан ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда шуда, бо ҷонибдории аъзои Кумиҷроия номбурда ҳамчун раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд интихоб гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни суханронӣ баён дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ниҳоди қудратманд дар баланд бардоштани афкори мардум ва раҳнамои ба зиндагии шоиста нақши муассир дорад.
Мавсуф таваҷҷӯҳи Роҳбари давлатро дар самти баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа махсус қайд намуда, зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ ҳамкориро бо ин ниҳоди ҷамъиятӣ пурқувват намуда, ҳамҷоя ҷашнҳои миллии кишварро дар сатҳи баланд таҷлил менамояд. Мавсуф аз ҳамсафон даъват ба амал овард, ки дар пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, татбиқи амалии қонунҳои миллӣ, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳамкориро бо МИҲД-и шаҳри Хуҷанд боз ҳам вусъат бахшанд.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби тарафдори рушду нумӯи кишвар ва розу ниёзи мардум дар ҳамаи равандҳои имрӯзи ҷомеаи кишвар бо Сарварии Пешвои муаззами хеш дар оғози шоҳроҳи бузурги созандагию бунёдкорӣ ба хотири бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона, ҷомеаи наве, ки таъмини озодию ҳуқуқҳои кулли шаҳрвандонро кафолат медиҳаду таъмин менамояд, қарор дорад. Сокинони ваҳдатшиори шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашнҳои дар пеш истодаи 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагиро роҳандозӣ намуда истодаанд.
Раиси шаҳр гуфт, ки чун рисолати аслии ҳизб ин таблиғу ташвиқи оиннома ва барномаи ҳизби худ асту ҳамагон воқифем, ки барномаи ҳизб бо нақшаҳои стратегии давлат ва ҳукумат ҳамоҳанг аст.
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, аъзоёни ҳизб таблиғгари фаъоли ҷомеа буда, дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ нақши калон доранд.
Мо аз иқдомҳои пайвастаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бобати пешгирии амалҳои ношоиста, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони Истиқлолият, боз ҳам устувор гардонидани оилаҳои ҷавон, пешгирӣ намудани қонуншиканӣ дар мавриди иҷрои Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” нигаронида шудааст, пазироӣ менамоем. Мо иқдоми кумиҷроияи шаҳриро дар мавриди таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ дар назди кумитаи маҳаллаҳо истиқбол намуда, аз он изҳори хушнудӣ менамоем, ки имрӯз нигоҳи сокинон дар қиёс ба солҳои пешин ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон куллан дигар шудааст. Сокинони маҳаллаҳо имрӯз ба қудрат ва тавоноии ҳизб бовар мекунанд.
Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода зимни суханронӣ ба раиси нави кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барору комёбиҳо таманно намуда, иҷроиши нишондодҳои Паёми Сарвари давлат, ҳадафҳои оинномавӣ ва Барномавии ҳизбро муваффақияти кор арзёбӣ намуд.
Бо қабули қарорҳои дахлдор маҷлиси ғайринавбатии кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд ба кори худ анҷом бахшид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд