(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаҳои “Сари баландӣ”, “1 май” ва “Содирхон Ҳофиз” баргузор гардид.

Мулоқот ҷиҳати иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иҷрои бандҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва дигар масоили рӯзмарра бахшида шуд.
Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ҳусни ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузор намудани онро шарҳ дод.
Сипас, муовини аввали прокурори шаҳри Хуҷанд Наим Тоҷизода баромада карда, аз ҷумла афзуд, ки
дар гӯшаву канори дунё созмонҳо, гурӯҳҳо ва шахсони руҳияи террористидошта фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ бо бераҳмӣ истифода менамоянд. Аз рӯи маълумот, имрӯз дар ҷаҳон наздики 500 созмони пинҳонкори террористӣ амал мекунад, ки хатарашон аз силоҳи ҳастаиву бемориҳои сироятӣ бештар аст.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро вабое асири худ намудааст, ки нишонаи он шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Ба ин гурӯҳҳо ҳамон ҷавононе ворид мегарданд, ки аз аслияти хеш, аз илму маърифат дуранду дар натиҷаи зиддиятҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ба доми фиребу найранги чунин бадхилофон меафтанд.
Дар бораи ифротгароӣ дар заминаи ислом бисёр мегӯянду менависанд ва чунин ба назар мерасад, ки гӯё ҳар як мусулмон ифротгаро бошаду нияти таркондану сӯзондан дорад. Ҳол он ки ин ақида аз ҳақиқат фарсахҳо дур аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд таъкид доштанд, ки ифротгаро на дин дораду на оину на фарҳангу на одамияту на миллат. Масалан, дар суханронии худ дар иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Макка, 7-уми декабри соли 2005 баргузор гашт, гуфта буданд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ин гуна неруҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд».
Чӣ бояд кард, то ки роҳи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ гирифта шавад? Пеш аз ҳама, пурра фаро гирифтани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дунявӣ ва ҳам динӣ; давра ба давра ташкил намудани ҷойи кор бо назардошти маоши хуб; таъмин намудани мактабҳо бо омӯзгорони сиёсатмадор ва диншинос; баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон бо роҳи таблиғу ташвиқ ва ҷалби бештари онҳо ба маҳфилҳои сиёсӣ; ба ҷавонон пешниҳод намудани навигариҳои воқеии дунё ба воситаи ВАО; ба тарзи ҳаёти солим ҷалб кардани ҷавонон тавассути варзиши оммавӣ. Чуноне мегӯянд, Ватан – Модар вожаҳои ба ҳам муродифанд, дар тарозуи ақли инсон ҳар ду дар як вазн қарор мегиранд. Аз ин рӯ, ҳифзу гиромидошти Ватан ин ҳифзу гиромидошти Модар аст ва хиёнат ба Ватан ин хиёнат ба модарони тоҷик мебошад.
Сипас намояндаи шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд баромада, карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки таҳлили вазъи ифротгароӣ ва терроризми динӣ, ки бо авомили дохилӣ-динӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар рӯбарӯи мушкилиҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва равандҳои демократикунонии давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо ба мушкилии фарогири ҷомеаи муосир табдил ёфтааст, воқеан, таҳдиди ҷиддӣ ба соҳибихтиёрии давлатҳои миллӣ ва ҷавон аст.
Дар баробари ин, омӯзиши таркиб ва мазмуни зуҳури ифротгароии динӣ ва такягоҳҳои ғоявии онҳо дар паҳнои дини ислом ва сарчашмаҳои он ба мо имкон медиҳанд, ки муборизаи беамони маънавӣ ва ғоявиро бо усули муқобил гузоштани арзишҳои ахлоқӣ ва башарии ислом ба такягоҳҳои маънавию эътиқодии ифротиёни исломӣ роҳандозӣ намоем. Ислом ва таҷрибаи назарию амалии он ба мо имкон медиҳад, ки бо дастрасии андешаҳои солими динӣ ифротгароӣ ва терроризми диниро маҳкум намуда, онро аз майдони тафаккури динӣ берун созем. Моро зарур аст, ки дар баробари усулҳои нави коркарди муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм усулҳои таърихӣ ва мазҳабии муқовимат бо ифротгароии диниро аз қабили эҳёи оинҳои футувватмандӣ, илмомӯзӣ, озодипарастии риндӣ, сӯфигароӣ ва амсоли инҳо аз нав бо шароитҳои мусоид фазои мафкураи диниамонро ислоҳ намоем.
Мо бояд хуб дарк намоем, ки фактори ифротгароии динӣ ва терроризми сиёсӣ бо тобиш додани эътиқоди шаҳрвандон зери шиори озодиҳои шахсӣ, дар ҳар лаҳзаи вуҷуди мушкилиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ имкон дорад, амният ва истиқлоли давлатҳои ҷавони миллиро ба муҳлати дуру дарози таърихӣ халалдор созад.
Иштирокдорони мулоқот низ андешаҳои хешро доир ба мавзуъи матраҳшуда баён доштанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд