(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаву сохтморҳои шаҳр ва масъулини дахлдор рӯзи қабули шаҳрвандонро баргузор намуданд, ки дар ин рӯз 35 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд.

Шаҳрвандон вобаста ба масоили кӯмаки муолиҷавӣ, дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, баҳси замин, ободии маҳал, таъмин бо ҷойи кор, таъмири боми хона ва ғайраҳоро муроҷиат намуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати саривақт баррасӣ намудани муроҷиатҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд қайд намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе рӯзҳои қабул аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд