(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади татбиқи амалии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар муассисаи таҳсилоти томактабии № 16-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби мураббияи забони англиси Махфират Ҷалилова дар гуруҳи омодагӣ ба мактаб бо кӯдакон машғулияти намунавӣ бо забони англисӣ дар мавзуи "Меваҷот ва сабзавот" (fruits and vegetables) ташкил ва гузаронида шуд.

Дар машғулияти номбурда кӯдакон дар бораи меваю сабзавот бо забони англисӣ маълумот гирифта, шеъру сурудхонӣ намуданд ва ҳамзамон бозиҳои шавқовар гузарониданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки мураббия бо маҳорати баланд бо истифода аз воситаи техникӣ ва айёниятҳои рангоранг бо забони англисӣ ба кӯдакон таълим медиҳад, ки дар натиҷа шавқу ҳаваси кӯдакон оид ба забономузӣ бисёр мегардад.
Намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва маъмурияти муассисаи таълимӣ дар машғулият иштирок намуда, онро баҳогузорӣ карданд.
Таъкид гардид, ки хушбахтона амалишавии Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» натиҷаи дилхоҳро дар муассисаҳои томактабии шаҳр ба даст оварда истодааст ва дар раванди дуруст дарк ва қабул кардани нутқ дар омўхтани забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳудуди мавзўи тавсиягардида ва ҳолату мавриди сухангўйии кўдакон пешравиҳо ба назар мерасанд.