(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи кории Раиси шаҳри ХуҷандТаҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ роҳбарони бозорҳо, сарварони муассисаҳои таълимии умумӣ ва фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Табиист, ки дар фасли сармо талабот ба нерӯи барқ афзуда, дар сурати дуруст ва мақсаднок истифода бурдани он имкон дорадтеъдоди садамаи барқи камтар гардад. Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод, ки тамоми ташкилоту муасссисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва иҷтимоии шаҳр мунтазам бояд бо барқ таъмин бошад. Таъкид гардид, ки дар ин муассисаҳо бояд дар мавсими зимистон ҳарорати ҳуҷраҳои таълим ва табобат на камтар аз 22 дараҷа гармӣ бошад. Дар бораи беҳтар ва бештар намудани корҳои фаҳмондадиҳии сарфаи нерӯи барқ, сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи он тариқи воситаҳои ахбори омма таъкид гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд барои риояи саривақтӣ ва қатъии қоидаҳои зиддисӯхтор, аз санҷиш гузаронидани тамоми ташкилоту корхонаҳо, бозорҳои шаҳр, пешигирӣ намудани истифодаи воситаҳои гармидиҳии худсохт ба роҳбарияти идораи сухторнишонӣ супориш дод.
Мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов вазифадор гардид, ки то интиҳои ҳафта тамоми кӯдакони ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманд бо либоси гарми зимистона аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъмин карда шаванд. Дастур дода шуд, ки мактабҳое, ки ба бо системаҳои гармидиҳии алоҳида таъмин гаштанд, дабистонҳои дигар низ бояд барои истифодаи чунин таҷриба чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд маълумот дода шуд, ки тамоми муассисаҳои тиббии маркази вилоят ба зимистонгузаронӣ пурра омода буда, миқдори зарурӣ ангишту ҳезум захира карда шудааст.
Мувофиқи вазифагузории Раҷаббой Аҳмадзода сохторҳои хоҷагию коммуналии шаҳри Хуҷанд нимаи аввали моҳи равон дар ду кӯпруки асосии шаҳр қуттиҳои махсуси маводи зиддилағжиш гузошта, 200 бели барфтозакунӣ омода карда шуда нишастгоҳҳои дар кӯчаю хиёбонбуда лакпӯш карда шаванд.
Пешбинӣ мешавад,ки соли оянда дар мавсими баҳору тобистон  шаҳрро зиёда аз 1 миллион дона гули лола ва садбарг оро хоҳанд дод. Бо ин мақсад парвариши тухмии гули лола ва қаламчаи садбарг дар гармхонаҳо ба роҳ монда мешавад.
Ҳамзамон таъкид гардид,ки то санаи 1 декабр корҳои таҷдиду таъмири фаввораҳои шаҳр ба охир расонда шуда, фаввораҳои назди Кохи ба номи Рӯдакӣ ва Театри мазҳака-мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ ба таври замонавӣ дигаргун карда мешаванд.
Ба идораи роҳсозӣ, супориш дода шуд,ки корҳои омодагии кӯчаҳои маҳаллаҳои «Мевағул», «Дӯстӣ», «Тиллокон» барои мумфаршкунии соли оянда омода намуда, ҳаҷми кор ва нақшаи амалишавии онҳоро мураттаб созанд. Дар навбати худ идораи чароғонкунӣ вазифадор гардид, ки кӯчаҳои маҳаллаҳои соҳили рости шаҳр то охири сол бояд пурра чароғон намояд.
Дар шаҳри Хуҷанд 5 муассисаи нақлиётии мусофиркашонӣ фаъолият дорад. Муовини аввали  Раиси шаҳр Иброҳим Иброҳимов маълумот дод, ки нақлиётҳои ин муассисаҳо барои фасли зимистон омода карда шуда, аз ҳолати нақлиёти онҳо аз санҷиши техникӣ гузаронида шудааст. Дар маркази вилоят 28 нуқтаи фурӯш бо захираи 603 тонна  ангишт ва 21 нуқтаи фурӯши гази моеъ бо захираи 100 тонна ин намуди сӯзишворӣ ташкил карда шуда, захиракунии он идома дорад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти бозорҳои шаҳр дастур дод, ки нисбати нархи маҳсулоти ниёзи аввала аз қабили гӯшт, равған, орд, биринҷ, картошка, сабзӣ назорати бевосита бурда барои боло нарафтани нархи онҳо чорахои амалӣ андешанд.
«Ташкили ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаҳои шаҳр аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ин як андоза кӯмак барои боло нарафтани нарх дар бозорҳо аст. Лекин бояд роҳбарияти бозорҳо низ дар ин самт чораҳои ҳамарӯза андешанд»-қайд намуд Раиси шаҳр.
Ба бахши фарҳанг аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода дастур дода шуд, ки нақшаи барқарор намудани чойхонаҳои маҳаллаҳои шаҳр ва бунёди он ба нақша гирифта шавад. Ҳамчунин зикр гардид, ки баргузории чорабиниҳои гуногун бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ омода карда шуда, муассисаҳои таълимию илмии шаҳр конфронси илмӣ-оммавиро дар мавзуи парчами давлатӣ доир намоянд.
Дигар масалае, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт ин ба маркази шаҳр кӯчондани стансияи ёрии таъҷилӣ буд. Бо назардошти таклифу пешниҳоди сокинони соҳили чапи маркази вилоят ҳоло зарурати кӯчондани он ба миён омадааст. Ба бахши амвол ва сармоягузорӣ ва масъули соҳаи тандурустӣ супориш дода шуд, ки дар рӯзҳои наздик доири  ин масала пешниҳоди худро омода намоянд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки агарчанде имрӯз тамоми корҳои нақшавӣ барои зимистонгузаронӣ ба анҷом расонда шудаанд,лекин масъулини ҳар соҳа ҳамарӯза аз ҳолати иҷроиши корҳо огоҳ бошанд ва дар сурати зарурат бо ситоди зимистонгузаронӣ дар иртибот бошанд.
Дар ниҳояти кори ҷаласа ба собиқадорони меҳнат Аҳмадҷон Ғозиев ва Мӯъминҷон Орипов барои фаъолияти чандинсолаашон ва бинобар ба синни нафақа расиданашон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва тӯҳфаи хотиравиро дар лаҳзаи тантананок супорид.