(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо фаъолияти КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамарӯза зиёда аз 30 адад техникаҳои партовкашонӣ ба мардум хизмат намуда истодаанд.
Чанде қабл бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-и шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2-юм ба Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» 9 адад нақлиётҳои нави партовкашон ва 54 адад чархаҳои нақлиёт ворид гардиданд. Нақлиятҳои махсус аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва грантӣ ворид карда шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарият ва масъулини Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» дастур дод, ки барои боз ҳам тозаву обод намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҷаҳд намоянд. Пайваста бо мардум дар иртибот шуда, баҳри беҳтар намудани хизматрасонӣ ва вазъи экологии шаҳри Хуҷанд тадбирҳо андешанд.
Таъкид гардид, ки шаҳри Хуҷанд дар миқёси вилоят бояд намуда ба дигар шаҳру навоҳӣ оид ба тозагии муҳити зист бошад. Воқеан ҳам бо васеъ гардидани ҳудуди шаҳр, бунёд шудани корхонаҳои нави саноатӣ ва хонаҳои шаҳрвандон талабот ба хизматрасонии коммуналӣ афзун гардида, партовҳои сахти маишӣ зиёд шуда истодааст. Бо назардошти ин омил роҳбарияти корхона ҷиҳати саривақт гирифтани партовҳо аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва ободу зебо намудани он чорабиниҳоро амалӣ гардонад. Ба шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза ҳазорҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ворид мешаванд, ба тозагии шаҳр ва мардуму фарҳанги шаҳрнишинӣ баҳо медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо ва таҳкими робита бо ҷомеа бо супориши роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд дар шабакаи whats app бо рақами 927722303 телефони арзу шикоят фаъол гардид, ки аллакай мардум боэътимод муроҷиат ва аз ҳалли мушкилоташон қаноатмандӣ зоҳир намуда истодаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон дастур дод, ки то моҳи марти соли ҷорӣ дигар техникаҳои боқимондаи КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" аз таъмири куллӣ бароварда шуда, миқдори умумии техникаҳо ба 50 адад расонида шавад.ба хизматрасонии мардум сафарбар карда шавад.
Бояд қайд намуд, ки КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ягона муассисаи коммуналии шаҳр ба ҳисоб рафта мебошад, ки барои бардоштан, кашонидан ва гӯронидани партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, фаъолият мебарад. Корхона реҷаи кори худро дар 3 баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр партовҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад. Дар корхона беш аз 100 нафар фаъолият дошта, 30 адад нақлиётҳои партовкашон ҳамарӯза дар 3 баст фаъолияти пурсамар дошта, партовҳоро саривақт аз ҷойҳои муайяншуда мегиранд.
Ҳамарӯза партов тибқи реҷаи муайян, яъне басти аввал: аз соатҳои 5:00 то 12:00, басти дуюм бо усули бонгӣ, яъне дар дохили маҳаллаҳое, ки партовҷойи муайян надоранд соатҳои 8:00 17:00 ва басти сеюм аз 17:00 то 23:00 муқаррар шуда, дар ин замонҳо партовҳо бароварда мешаванд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд