(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мураббӣ аз шаҳри Хуҷанд ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣДаври ниҳоии озмуни «Мураббии сол-2014» дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо иштироки ҳафт нафар беҳтарин мураббияиҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин озмун мураббияи ширхоргоҳ-кӯдакистони №36-и шаҳри Хуҷанд Малика Исобоева иштирок карда, соҳиби 189 хол гашта, сазовори мақоми аввал гардид. Дар даври ниҳоӣ мураббияҳо аз шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппа, Норак, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, ноҳияи Шоҳмансур ва вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок карданд. Озмун аз санаи 28 то 31-уми октябр идома ёфт ва довталабон аз рӯи шартҳои: ҳисоботи эҷодӣ ва ҳимояи аёниятҳои дастисохт, маҳорати педагогӣ, баромадан аз ҳолатҳои педагогӣ-психологӣ, гузаронидани машғулият бо кӯдакони ношинос, санҷиши дониши мураббия, саволу ҷавоб оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, сохтан, буридан ва кашидани расм аз рӯи мавзӯи муайян байни ҳам рақобат намуданд. Дар ҷамъбасти озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова ҳамаи иштирокчиён ва ғолиби озмуни «Мураббии сол-2014» Малика Исобоеваро табрику таҳният гуфта, ба ӯ дипломи дараҷаи 1, ҷоиза ва унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тақдим намуд.