(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altCубҳи имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъана бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум ва захиранамоии маводи озуқа ярмарка фурӯши фаровони маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва саноат сурат гирифт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, бо харидорон ва фурӯшандагон сӯҳбати озод ва мустақим доштанд.
Роҳбари вилоят таъкид намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар ҳафта дар шаҳрҳои саноатӣ якчанд сол инҷониб ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар як инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар соли ҷорӣ низ аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ ба дигарон намунаи ибрат нишон медиҳанд.
Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-50 фисад арзиши маҳсулот пешкаш карда шуданд. Масалан нархи як кило гӯшти гов 50 сомонӣ, гўшти гўсфанд 60 сомонӣ, як кило моҳӣ 38 сомонӣ, пиёз аз 1 сомонию 80 дирам, сабзӣ 1 сомонию 50 дирам, картошка 3 сомонию 80 дирам, арзиш дошт. Як халтаи орди 50 килоиро бо арзиши 250 сомонӣ мефурӯхтанд. 10 кило орд 45 сомонӣ арзиш дошт.
Мардум аз ин фаровонии ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳорӣ хушнудӣ намуда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд