(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар МТМУ №3 таҳти унвони “Ҷомӣ он офтоби нуронӣ...” озмуни “Ҷомихонӣ” байни толибилмони синфҳои 8-11 баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки озмуни мазкур ба хотири баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати толибилмон, хубу хотирмон гузаронидани таътили зимистона, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ дар қироати шеъру ғазал, дарёфти истеъдодҳои нав, тарғиби ҳунари ровигӣ байни хонандагон гузаронида шуд.
Даври мактабии озмун байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардида, ғолибон ба даври шаҳрии озмун роҳ ёфтанд. Дар даври шаҳрии озмун беш аз 50 нафар хонандагони боистеъдоди муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, дар ҳузури ҳакамон ду ғазали Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро қироат намуданд. Ҳайати ҳакамон беҳтаринҳоро муайян намуданд ва дар натиҷа ҷойи аввал насиби Динора Бобобекова аз МТҒ “Гулчини маърифат” ва Умедҷон Раҷабов аз МТМУ №15 гардид. Мақоми дуюмро Абдуллоҷон Халилов аз литсейи ДДҲБСТ, Макнуна Ҳоҷиева аз МТМУ ба номи А. Чехов ва Сафия Абдуллоева аз гимназияи ба номи Гёте мушарраф гардиданд. Ҷойи сеюм насиби Абдузода Париноз аз МТМУ №21, Наимӣ Парвина аз МТМУ №3 ва Зуҳро Бобоҷонова аз МТМУ №19 гардид.
Ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол дар вазъияти тантанавӣ бо Диплом ва Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд