(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ майдони байни микроноҳияҳои 8-12-и шаҳр ба гулгашт табдил дода мешавад.

Субҳи имрӯз бо ин мақсад зиёда аз 300 бех ниҳолҳои ҳамешасабз аз ҷониби кормандони Муассисаи гулпарварӣ ва кабудизкоркунии шаҳри Хуҷанд мутобиқ ба талаботи агротехникӣ шинонида шуданд.
Дар ояндаи наздик бо мақсади фароғату истироҳати шаҳрвандон ин мавзеъ боз ҳам ободу зебо гардонида шуда, дар ҳудуди он роҳҳои пиёдагард, чароғпояҳо, нишастгоҳҳо ташкил карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми шаҳрдорӣ соли гузашта чунин гулгаштҳо дар майдони назди меҳмонхонаи “Эҳсон”, Муҷассамаи шаҳидони ҶБВ ва кӯчаи Султон Умарӣ ташкил гардида буд, ки имрӯз ба мавзеъи истироҳату фароғати шаҳрвандон мубаддал гардидааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд