(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси ҷавонону наврасон нисбат ба касбомӯзӣ ва ҳавасмандсозии онҳо дар Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд озмуни касбӣ таҳти унвони “Дастони моҳир” аз рӯи ихтисосҳои “Кафшергари барқию газӣ”, “Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил”, “Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил” ва “Мошиначии автокран” баргузор гардид.

Ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани озмун ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён кардаанд ин дастгирӣ намудани ҷавонони соҳибистеъдод, инкишофи майлу хоҳиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, баланд бардоштани маърифати илмӣ ва зеҳнии ҷавонон, таҳким бахшидани тарбияи ватандӯстӣ, пешгирии наврасону ҷавонон аз падидаҳои номатлуб мебошад.
Аз рӯи ихтисоси “Кафшергари барқию газӣ” сазовори ҷои якум Тӯраев Нозим, ҷои дуюм Дадобоев Шарифҷон, ҷои сеюм Асрамов Хушдил, аз рӯи ихтисоси “Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил” сазовори ҷои якум Алиқулов Аслиддин, ҷои дуюм Шерматов Шукрулло, ҷои сеюм Исмоилов Ихтиёр, аз рӯи ихтисоси “Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил” сазовори ҷои якум Тӯйчиев Сунатулло, ҷои дуюм Раҳматов Мирхолиқ, ҷои сеюм Турақулов Шоҳҷаҳон ва аз рӯи ихтисоси “Мошиначии автокран” сазовори ҷои якум Қурбонов Ҳуснидор, ҷои дуюм Қурбонов Озодбек ва ҷои сеюм Мирзоахмедов Мамадалӣ гардиданд. Ғолибон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.