(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altОмӯзгори калони кафедраи сохтмони ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои техникӣ Далер Орипов барандаи ҷоизаи Б.И. Тихомиров дар самти сохтмони саноатӣ ва лоиҳакашӣ дар соли 2023 гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов, муовини вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Русия Сергей Музиченко, ректори Донишгоҳи давлатии сохтмонии Маскав Павел Акимов, роҳбарияти Корпоратсияи давлатии «Ростех», ҶСК «Технодинамика» ва дигарон иштирок доштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз рӯи ҷамъбасти озмун дотсентони кафедраи конструксияҳои металлӣ ва озмоиши конструксияҳои Донишгоҳи давлатии меъморию сохтмонии шаҳри Қазон Марат Салоҳитдинов, Линур Гимранов ва дотсенти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Далер Орипов дар номинатсияи «Барои ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва ҳалли инноватсионалӣ” бо лоиҳаи «Коркарди конструксияхои борбардори бино аз профилҳои нахи шишагин» ғолибият ба даст оварданд.
Таъкид шуд, ки мукофоти мазкур дар соҳаи сохтмони саноатӣ ва лоиҳакашии ба номи Б. Тихомиров барои корҳое мукофотонида мешаванд, ки дар инкишофи лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти саноатӣ, ҷорӣ намудани қарорҳои пешқадами конструкторӣ, лоиҳакашӣ, техникӣ ва технологӣ ҳиссаи калон мегузоранд. Ин Ҷоиза ба рушди нерӯи кадрии соҳаи сохтмон нигаронида шудааст.
Ҷоизаи мазкур бо мақсади гиромидошти номи конструктори барҷаста Борис Иванович Тихомиров аз ҷониби холдинги «Технодинамика», Иттиҳодияи муҳандисони мошинсозии Русия, Корпоратсияи давлатии «Ростех», Вазорати сохтмони Федератсияи Русия ва Ҳукумати Тотористон ташкил гардидааст.