(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд озмуни касбӣ таҳти унвони «Машшота ва сартароши беҳтарин» ташкил ва баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани озмун баланд бардоштани дараҷаи дониши тахассусии ҷавонону донишҷўён, дарёфт ва дастгирӣ намудани ҷавонони соҳибистеъдод буда, дар озмун 20 нафар ҷавонон аз литсейи касби хизматии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Довталабон дар ҷараёни озмун ҳунару истеъдоди хешро доир ба ҳунари машшотагӣ ва сартарошӣ ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар маросими ҷамъбасти озмун таъкид гардид, ки озмуни мазкур баҳри баланд бардоштани самарнокии сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондўстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, инкишофи шавқу завқи устоҳои таълими истеҳсолӣ ва хонандагон, тарғиби интихоби касб, эҳёи касбу ҳунарҳои мардумӣ, нишон додани таҷрибаи пешқадам, баланд бардоштани маҳорати касбӣ мебошад.
Дар натиҷа, Саброна Исоқова ба ҷои якум, Дилрабо Ашўрбоева ба ҷои дуюм ва Сурайё Урмонова ба мақоми сеюм сазовор гардиданд.
Ғолибон ва ҷоизадорон бо ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.