(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Муҳтарам Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон РАҲМОН Озода Эмомалӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрикоти самимӣ ва таманниёти неки мардуми шарафманди шаҳри бостонии Хуҷандро ба ифтихори ифтитоҳи саҳифаи ҷадиди рӯзгоратон расонида, бароятон саломатии бардавом, саодатмандӣ, тансиҳатӣ, бахту иқболи нек ва дар фаъолияти пурсамари меҳнатиатон, ки дар амалӣ намудани иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардидааст, дастоварди навину комёбиҳои беназирро орзумандем.


Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳандозии муваффақонаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бо кўшишу заҳматҳои шабонарўзии Шумо-инсони гавҳаршинос, асилзода, соҳибфазилат, самимӣ, ботаҳаммул, нуктасанҷ дар тамоми қаламрави мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат гирифта, дар ин замина ҳазорҳо иншооти нав ба нави замонавӣ, корхонаҳои бузурги саноатӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ ва амсоли инҳо мавриди истифода қарор дода шуда, ҷумҳурии маҳбуби мо дар қатори кишварҳои муосиру пешрафтаи дунё мубаддал гардидааст.

Бори дигар, Шуморо бо солгарди мавлуди накӯятон таҳният гуфта, бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо, саодати рӯзгор, зафармандӣ, комёбӣ ва ҷодаи кору фаъолият нусрату дастовардҳои навин ва пешрафту шукуфоии бемайлонро орзумандем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Хуҷанд