(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҳамроҳии муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ба муносибати Соли нави мелодӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзили якчанд нафар ашхоси эҳтиёҷманд ва камбизоат рафта, онҳоро аёдат ва бо идашон таҳният гуфтанд.

Таъкид шуд, ки чунин айёдатҳо бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар иду айём ба ҳукми анъанаи нек даромадааст, ки таваҷҷуҳ ба эҳтиёҷмандон афзуда, аз ҳолу рўзгори эшон бохабар гардида, таманниёти нек арз медорем. Бигзор соли 2024 соли бобарори татбиқи сиёсати созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва вусъатёбии раванди худшиносиву худогоҳии миллии мардумӣ бошад.
Аёдатшудагон Муқаддас Узоқова, Шафоат Абдуқодирова, Ҳалима Ҳошимова, Шарифа Сайфитдинова, Битурсун Юсупова, Санҷида Сабурова ва дигарон аз ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайваста ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат арзи миннатдорӣ баён намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд