(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар остонаи Соли нави мелодӣ ба Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, марзбонони шуҷоъи ватанро фарорасии Соли нав табрику таҳният намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ироаи номаи табрикотии хеш аз ҷумла зикр дошт, ки ба шарофати сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар, ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон менамоем, ки аз баракати онҳо барои ташаккули рукнҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла ҳифзи боэътимоди марзу буми сарзамини аҷдодиамон шароит ва имконияти мусоид фароҳам омадааст.
Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд.
Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод.
Ҳадафи Давлату Ҳукумат аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар соли ҷорӣ дар мамлакат зиёда аз 75 адад дидбонгоҳҳои хурду бузург сохта шуданд. Ин ҳама ба хотири он аст, ки марзбонон дар хати аввали мубориза бо террористону даҳшатафканон қарор доранд. Шабу рӯз чашмонашон боз аст, то ҳамватанони онҳо орому осуда, дар фазои амн зиндагӣ кунанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд