(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altПаёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи меҳнатии устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамаи чор факултет ва Раёсати донишкада бо мароқи том ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ тамошо намуданд.

Суханону андешаҳои пурмўҳтаво ва пандомўзи Сарвари давлат зимни ироаи Паём дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандўстиву ватанпарастӣ, ҳунару забономӯзӣ, тозагӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои ў, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандўстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус, ҷавонон мебошад.
Паёми мазкур ҳамчун ҳидояти муҳими Президенти кишвар дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии мамлакат, таъмини амнияти давлат, волоияти қонун ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ҷойи махсусро ишғол менамояд,
Дар Паёми имсола низ Пешвои миллат аз вазъи нооромиҳо, кашмакашҳои сиёсӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, яроқнокшавии бошитоб, руйдоди ҳодисоти ифротӣ ва терористӣ дар як қатор давлатҳо ёдовар шуда, аҳолии кишварро ба сарҷамъиву меҳнатдустӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, афзун намудани дастовардҳо дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ даъват намуданд.
Воқеан ҳамон давлат имрӯз пешрав мегардад, ки дар он тинҷиву амонӣ ҳукмфармо бошад. Тоҷикистони азизи мо бо он ки аз лиҳози геополитки дар минтақаи номани сайёра ҷойгир шуда бошад ҳам, тавассути сиёсати бобарор ва сулҳҷӯёнаи Роҳбари давлат дар кишвари мо фазои хуби кору зиндагӣ аст.
Умед дорем, ки он дастуру ҳидоятҳои созандаи Роҳбарияти олии мамлакат моро барои боз ҳам баланд бардоштани таълиму тарбия, омода кардани кадрҳои соҳибтахассус ба ҷомеа ҳидоят мекунад.