(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altМуҳтарам Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрикоти самимӣ ва таманниёти неки мардуми шарафманди шаҳри бостонии Хуҷандро ба ифтихори 36-умин солгарди мавлуди муборакатон расонида,

бароятон саодатмандӣ, тансиҳатӣ, бахту иқболи нек ва дар фаъолияти пурсамари меҳнатиатон, ки ба рушду нумӯи пойтахти маҳбубамон-шаҳри Душанбе ва ташаккули мақоми олии қонунгузории мамлакат-Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, дастоварди навину комёбиҳои беназирро орзумандем.
Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кўшишу заҳматҳои шабонарўзии Шумо дар шаҳри Душанбе - Пойтахти тамоми тоҷикони дунё корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат гирифта, дар ин замина садҳо иншооти нав ба нави замонавӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, варзишӣ ва амсоли инҳо мавриди истифода қарор дода шуда, симои он ба яке аз шаҳрҳои зебову мунаввар ва муосиру пешрафтаи дунё мубаддал гардидааст.
Бори дигар, Шуморо бо солгарди мавлуди накӯятон таҳният гуфта, бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо, саодати рӯзгор, комёбӣ ва ҷодаи кору фаъолият дастовардҳои навин ва пешрафту шукуфоии бемайлонро орзумандем.




Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Хуҷанд