(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар рушди низоми қонунгузории кишвар, таҳкими рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи сулҳу субот ва амнияти иқтисодии кишвар низоми ҳуқуқии давлатро дар доираи сиёсати созанда ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардуми кишвар ва давлати Тоҷикистон вусъат дода истодааст.

Ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон бо фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқомати аъзоён созмон меёбад.
Аз ин рӯ дар арафаи ҷашни 29 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти қарзиву амонатии "Арғун” дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси муассисон баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур намояндаи кумиҷроияи шаҳрӣ Маҳмадсалим Ҳаитов иштирок намуда, дар бораи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аъзоёни он дар пешбурду инкишофи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар суханронӣ намуд ва ҳозиринро бо тартиби таъсисдиҳии ташкилоти ибтидоии ҳизб, қабул ба аъзогӣ тибқи Оинномаи ҳизб шинос намуда, ғояҳо ва самтҳои асосии Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро пурра маънидод кард.
Сипас, ба аъзоёни нав, ки барои дохил шудан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда буданд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, бо ҷонибдории ҳамаи аъзоён дар назди коргоҳи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Арғун» таъсис ёфт.