(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори варзишии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ мусобиқаи шаҳрӣ оид ба баскетбол байни дастаҳои духтаронаи муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад.

Дар мусобиқа 6 даста баскетболбозон аз ҳисоби дастаҳои духтаронаи муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Дар натиҷа дастаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷои 1-ум, дастаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои 2-юм ва дастаи ДДҲБСТ мақоми 3-юми мусобиқаро ба даст оварданд.
Дар охир ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷом, диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.