(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар МТМУ №22-и ба номи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд гармхонаи таълимӣ, ки дар доираи Форуми “Омӯзгори навовар” пешниҳод шуда буд, аз ҷониби Зиёдулло Абдулзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мадина Набизода, сардори раёсати маорифи вилоят, намояндагони Фонди Оғохон ва дигар шахсони расмӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Зиёдулло Абдулзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи гармхонаи таълимӣ, ки дар асоси лоиҳаи Дарс дар табиат”-и омӯзгори ҷавони ин муассисаи таълимӣ Мутриба Олимова ва дастгирии шарикони рушд рӯйи кор омадааст ва дар баробари парвариши гулу дигар сабзавот дар он дарсҳои таҷрибавии хонандагон низ сурат мегирад, намунаи олии пайравӣ ба дигар омӯзгорон маънидод намуд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи Давлату Ҳукумат, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва рушди минбаъдаи он, дарёфти омӯзгорони навовару эҷодкор, инчунин дар партави сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо шарикони рушд мебошад.Аз ҷониби вазорат баҳри рушди соҳа, беҳтар намудани шароиту имконияти корӣ, сифати таҳсилот, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳои мавҷуда ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Зиёдулло Абдулзода ба сифати корҳои сохтмонии гармхона баҳои баланд дода, баҳри истифодаи самараноки он дар дарсҳои амалию лабараторӣ ва баланд бардоштани маърифати экологию табиатдӯстии хонандагон ба муасссиаи таълимӣ дастуру супоришҳо дод.
Шарикони рушд, ки лоиҳаи мазкурро дастгирӣ намуданд, изҳор доштанд, ки дар ояндаи наздик баҳри ташкили боғи интенсивӣ дар ҳудуди заминҳои МТМУ №22 мусоидат хоҳанд намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд