(1 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altТибқи нақшаи муштараки бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо мақсади тақвият бахшидани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, густариши футбол дар 4 минтақаи шаҳри Хуҷанд мусобиқаи футбол барои дарёфти "Ҷоми бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд" баргузор гардид, ки дар он 32 дастаҳои муасссисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок варзиданд.

Даври ниҳоии мусобиқ дар майдони варзишии гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд баргузор ва мусобиқаи футбол ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти мусобиқа иброз шуд, ки таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш хоса аст.
Ҳамин тавр, гимназияи №4 ғолиби мутлақи мусобиқа гардида, Ҷоми мусобиқаро ба даст овард. Гинамзияи Гёте ва МТМУ №31 мақомҳои дуюм ва сеюми мусобиқаро ишғол карданд.