(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маркази шаҳри Хуҷанд то 15 уми декабри соли ҷорӣ Арчаи солинавӣ ба андозаи 22 метр бо паҳноии 8 метр қомат афрохта мешавад.

Арчаи солинавии шаҳри Хуҷандро 50 000 чароғак дар 10 чароғноқили ороишдиҳанда бо зиёда аз 22 000 чароғакҳои гуногун бо дизайни муосир зеб медиҳанд.
Чунин иқдом бо мақсади истироҳату фароғати шаҳрвнадон бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода амалӣ гардида, раванди афрохтани Арчаи Соли навӣ зери назорати доимии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода қарор гирифтааст.
Ҳамзамон дар гирду атрофи майдони Арчаи солинавӣ “Шаҳраки солинавӣ” сохат шуда, чун анъана бо чароғакҳо оро дода мешавад.
Бояд қайд намуд, дар ин майдон аз ҷониби муассисаҳои фарҳангӣ барномаи консерт аз санаи 15.12.2023 то 31.12.2023. ба маърази тамошо гузошта мешавад. Дар рӯзҳои номбурда, муассисаҳои фарҳангии шаҳру вилоят, аз ҷумла театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанг ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назаров, Муасссиаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён» ансамбли фолклории «Фалак», ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» ва як қатор муасссиҳои фарҳангии шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов барномаҳои консертии хешро ба намоиш мегузоранд.
Бояд қайд намуд, ки дар назди бинои Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ Арчаи солинавӣ оро додам мешавад.
Роҳбарияти шаҳри Хучанд тасмим гирифтааст, ки баҳри болидарӯҳии шаҳрвандон барномаи рангини солинавиро ба сифати галаконсерт дар шоми 31.12.2023 пешкаши сокинон гардонад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд