(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБар асари беморӣ риштаи умри яке аз ходимони намоёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо, вакили Маҷлиси намояндагон, Раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев дар синни 77 - солагӣ канда шуд.

Амиршо Миралиев 20-уми декабри соли 1946 ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон бо ихтисоси агроном (1970) ва Мактаби олии ҳизбии Ленинград бо ихтисоси сиёсатшинос (1988) мебошад.
Солҳои 1990-2000 - вакили мардумӣ, 2001-2006 - раиси вилояти Хатлон, 2006-2010 - Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2010-2015 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2003-2005 ва 2005-2010 — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Меҳнатҳои ӯ бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», мукофоти давлатии Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, медали «Барои меҳнати шоён», медали ҷашнӣ бахшида ба 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медалҳои ҷашнӣ «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медалҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ «20 сол» (тиллоӣ), «25-сол», ордени Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ «Рафоқат» қадр шудааст.
Зимни фаъолияти тӯлонии худ шодравон Амиршо Миралиев дар пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро гузошта, барои таъмини рушди хоҷагии халқ заҳмат кашидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бинобар даргузашти Ходими намоёни давлатӣ Амиршо Миралиев бо андуҳи сангин изҳори ҳамдардӣ ва тасаллияти амиқ намуда, ба фарзандон, хешу табор ва пайвандонашон аз даргоҳи Офаридгор сабри ҷамил ва аҷри азим хоҳонем.